АШТ: Маҳфили ёдбуд ба ифтихори 70 – солагии узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, омӯзгор, журналист ва шоир Муродалӣ Умаралиев

 216 боздид

Субҳи имрӯз санаи 27 – уми октябри соли равон, дар тарабхонаи “Хуршеди Ҷамшед”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод маҳфили адабии “Ёдбуди устод” бахшида ба 50 – солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70 – солагии зодрӯзи омӯзгор, журналист ва шоир марҳум Муродалӣ Умаралиев баргузор гардид.
Дар маҳфили адабӣ меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарияти рӯзномаи вилоятии “Суғд Ҳақиқатӣ”, намояндагони рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт”, аъзоёни маҳфили “Ворисони Маъдан” ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Меҳробод ширкат варзиданд.
Дар оғози маҳфил Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфили адабӣ “Ёдбуди устод”- ро аз номи Раиси ноҳия Мирдадо Зариф хайрамақдам гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хешу пайвандон, фарзандону наберагони устодро ба муносибати 70 – солагии соҳибҷашн табрику муборакбод намуданд. Дар баромад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Умаралиев М ҳисси он кас дар пешрафти рӯзномаи ноҳиявӣ, эҷодиёташон дар тарбияи меҳнатӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқии сокинону ҷавонон нақл карда шуд.
Сипас, меҳмонон дар маҳфили адабӣ иштирок дошта, муҳаррири рӯзномаи вилоятии “Суғд Ҳақиқатӣ”, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт” шоирону ҳамкорони Умаралиев М баромад намуда, аз ашъори устод байтҳо қироат намуданд.
Аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 аз эҷодиёти устод шеърҳо қироат намуда, таъби иштирокчиёнро шод намуданд.
Дар охир аз ҷониби хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Меҳробод барномаи консертӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.