АШТ: Маҷлиси фаъолони ноҳия дар 9 моҳи соли 2021

 275 боздид

Субҳи имрӯз, санаи 13 – уми октябри соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли равон ва вазифагузориҳо ба семоҳаи чорум баргузор гардид.
Дар маҷлиси фаъолони ноҳия муовинони раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
Инчунин дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров Саидимомхӯҷа иштирок доштанд.
Маҷлиси фаъолони ноҳияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф оғоз намуда, барои аз рӯи масъалаи рӯзнома ҷаласа «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» суханро ба муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода дод.
Раиси ноҳия баъд аз ба охир расидани маърӯза аз муовинони раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ минтақавӣ пурсиш ба амал овард.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров Саидимомхӯҷа суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокчиёни маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, саривақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол вазифагузорӣ намуданд.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар ҷамъбасти соли 2021 супоришҳои мушаххас гузошт.
Дар охир Ҷамоати деҳоти Меҳробод барои иҷрои саривақтии нақшаи дурнамои пахта бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.