АШТ: Маҷлиси фаъолони ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021

 47 боздид

Субҳи имрӯз, санаи 10 июли соли 2021, дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ва вазифагузориҳо ба нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт Ҷамшед Маҳмудзода маърӯза кард.
Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия, соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини Раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.
Раиси ноҳия баъд аз ба охир расидани маърӯза аз муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, сардори нозироти андоз, сардори раёсати молия, сардорони бонкҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварданд.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокчиёни маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии давраи минбаъда вазифагузорӣ намуданд.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда, барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар соли 2021 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.