Бегоҳии имруз, санаи 25 августи соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки субҳи имруз дар ҷаласаи корӣ баён намуданд, таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамъияти матлубот дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатиб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, зотпарварии ба номи Т.Эрйигитов, КИХҶ “Иттифоқ”, “Ниҳолпарвар”, “Мичурин”, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба кишти такрорӣ, оид ба назорати рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва якқатор соҳибкорони иншооти ҷашнӣ бунёдкарда ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои тантанавӣ, Паради ҳарбӣ, роҳпаймоии идона, барномаи бошукуҳи театркунонидашуда ва консертӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ, инчунин ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд барои ифтитоҳи расмӣ омода намудани иншоотҳои ҷашние, ки ба барномаи ташрифи меҳмонони Олиқадр ворид карда шудааст, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро расонидани супоришҳои болозикр дастур доданд.