АШТ: Маликабону Рӯзиматова ба унвони “Донишҷўи сол-2022” соҳиб гардид.

 444 боздид

Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид.

Дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромад дар чорабинӣ Раиси вилоят иброз дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар дар самти ташаккул додани афкори созанда дар зеҳни ҷавонон, рушд бахшидан ва татбиқи илми пешрафтаи замони муосир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста кўшиш мекунад, то фазои мусоидро барои ҳамаи наслҳо, бахусус насли ояндасоз фароҳам созад.

Аз ҷумла, бо мақсади дарёфти донишҷўёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат қарори Раиси вилоят дар бораи озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2022” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо сазовори номи баланди “Донишҷўи сол-2022” гардиданд.

Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 9 нафар беҳтаринҳо бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шуданд.

Дар озмуни «Донишҷӯи сол – 2022» аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии аз беҳтаринҳо дониста шуда, Маликабону Рӯзиматова – (сокини ноҳияи Ашт) донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Маликабону Рӯзиматова аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қардрони кардас шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.