АШТ: Машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.

 578 боздид

Субҳи имрӯз, 24 августи соли равон, дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”, машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.
Дар кори машварат Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маориф ва илми вилоят Набиҷон Раҳмонов, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони якқатор раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту идораҳо, КИ ҲХДТ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Мирдадо Зариф Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ зикр дошт: Басо рамзист, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо Шумо — аҳли маорифчиёни ноҳия дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арафаи фарорасии Рӯзи Дониш сурат мегирад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашну тантанаҳои дар пешистода табрику муборакбод намуда, дар симои Шумо ба тамоми маорифчиён тансиҳатӣ, сарбаландӣ, хонаи обод, дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи хеш муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат инкишофу пешрафти мактабу маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аҳли илму маорифро вазифадор намуданд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.”
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дорад.
Соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 12 миллиону 204 ҳазор сомонӣ (2010) ба 67 миллиону 452 ҳазор сомонӣ (2021) расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбатан ба солҳои пешин 5,5 маротиба зиёд гардидааст.
Соҳаи маориф дар сохтори сиёсиву иҷтимоии давлат ҳалкунанда буда, нақши калидӣ ва барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва камолоти маънавияти ҷомеа мавқеи беназир дорад.
Вазни хоси маблағгузории соҳаи маориф 67,1 фоизи маблағҳои буҷаи ноҳияро дарбар мегирад.
Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки дар соли хониши 2020-2021 иштирокдорони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 79 медал гардиданд. ( аз ҷумла, 18 медали тилло, 18 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ.) Инчунин, 1 нафар соҳиби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло гардид. (Мирзоев Ромиз МТМУ №61)
Илова бар ин, иштироки хонандагон дар Академияи хурди илмҳо низ назаррас буда, дар ин муддат 63 нафар хонандагон аъзои Академияи хурди илмҳо гардиданд.
Маҳз, бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷибонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳия сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 барои 1040 нафар хонанда дар ду баст, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 барои 480 нафар хонанда, сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 барои 1140 нафар хонанда дар ду баст, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 бо дастгирии соҳибкорон ва волидон, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои 240 нафар хонанда, сохтмони кӯдакистони хусусӣ дар маркази ноҳия идома дорад.
Инчунин, сохтмони толори варзишӣ дар муассисаҳои таълимии рақами 26 ва 32 бо дастгирии соҳибкорону волидон оғоз гардидааст, ки ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда хоҳад шуд.
Бо арзи эҳтирому самимият миннатдории худро ба соҳибкорону саховатмандон, шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ташаббусҳои созанда дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ мерасонам. Бояд ёдовар шавам, ки саҳми соҳибкорон Мақсудҷонов Зайлобиддин, Мақсудҷонов Бахтиёр, Мамадҷонов Шуҳрат, Қаҳҳоров Абдусалом, Муҳиддинов Ҳабибулло, Қаҳҳоров Даврон, Ҳамроқулов Қаҳрамон, Машарипов Зоирҷон, Мараҷабов Суҳроб ва чандин дигарон дар бунёд ва таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи маориф хеле назаррас аст.
Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон, алалхусус ҳолатҳои бавуқуъпайвастаи давлатҳои минтақа моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, дар ҳолати омодабошӣ қарор гирем, Ватанамонро дӯст дорем ва баҳри ҳифзу амнияти он тамоми қувваю матонати хешро сафарбар намоем. Бо боварӣ иброз менамоям, ки имрӯз мардуми кишвар ва махсусан мардуми худогоҳу худшиноси ноҳия, ки дорои маърифати баланду зиракии сиёсӣ мебошанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушду такомул ва ободию шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ месозанд, ҳамеша чун пайравони Пешвои муаззами миллат баҳри ҳимояи дастовардҳои бузурги милллӣ аз қабили ваҳдату истиқлолият ва сулҳу суботи ҳамешагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Итминони комил дорем, маорифчиёни ноҳия ҳамчун қувваи пурқудраттарин ҳамавақт дар самти ҳифзи ҳимояи манфиатҳои давлату миллат корнамоӣ нишон хоҳанд дод.
Бинобар боқӣ мондани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии штампи нави бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки барои пешгирӣ ва бартарафнамоии ин беморӣ аз маводҳои безараргардонӣ захира ва таъмин намоянд.
Ҳар як муассисаи таълимӣ пеш аз оғози соли нави хониш бо Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ноҳия берун ва дохили муассисаҳоро безарар гардонанд ва ба қоидаҳои беҳдоштӣ ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.
Дар байни аҳолӣ аз ҷониби аҳли маорифчиён сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат, вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии кишвар инъикос гардида, баҳри иштироки фаъолонаи мардум дар корҳои ободонӣ-созандагӣ, истифодаи самараноки замин ва кишту захираҳои маводҳои аввалиндараҷа ва ғизоӣ тарғибу ташвиқ карда шавад.
Чи хеле, ки мегӯянд: “Шамс, моҳ, ситора, осмон, абр калимоте ҳастанд, ки пайванд бо олами самоианд. Ин пайвандҳо ҳар лаҳзаву ҳар соат пешорӯи мо қарор доранд, ки мо бо онҳо робитаи ногусастанӣ дорем. Аз кайҳон то ба замин асрори азалии худро доранд. Ҳама кӯшиш доранд, ки ба дарки ин асрор бирасанд. Дар саргаҳи ин ҷустуҷӯҳо нафаре меистад, ки Садри Ҷаҳон ӯро “устод, омӯзгор” ном ниҳодааст. Ба яке Арасту, ба зумрае Афлотун, ба гурӯҳе Пифагор, ба қавме Синову Хайём. Ҳамаи ин номгӯҳо мурид буданду равандагонашон шогирд.”
Ҳар як нафар дар зиндагӣ устоди хешро дорад ва ман баҳри Шумоён устодони азиз таманнои онро дорам, ки шогирдони зиёдеро бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, устодони арзандаи зиндагию кору пайкори хеш бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ба ҳамаи Шумо устодону омӯзгорони муҳтарам дар амри иҷрои рисолати бузурги хеш дар ҷомеаи имрӯза, тарбияи насли наву созанда ва ояндасоз барору комгорӣ таманно дорам.
Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд иштирокдоронро аз номи роҳбарияти Раёсати маориф ва илми вилоят бо фарорасии соли таҳсили 2021 – 2022 таҳният гуфта, ба аҳли маориф дар ҷодаи касби интихобкардаашон бурдбориву комёбӣ таманно кард. Набиҷон Раҳмонов ҳамчунин дар масъалаҳои мубрами соҳа сухан кард.
Роҳбарияти ноҳия ва мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маориф ва илми вилоят дар вазъияти тантанавӣ як қатор омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳияро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати маориф ва илми вилоят қадрдонӣ намуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.