АШТ: Машварати кории Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат.

 271 боздид
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 11 – уми марти соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат машварати корӣ баргузор гардид.
Дар кори машварат муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсату кумитаҳо, КИ ҲХД дар ноҳия, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳавӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед оиди омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи хизмати ҳарбӣ, рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва нақшаи андози моҳи март маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати омӯзиши ҷавонписарони синну соли даъватӣ, омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022, ҷалби ҷавонони синну соли даъватӣ ба мактабҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ташкили ситоди корӣ, пурраву барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, кишти баҳорӣ, тақсимоти пилла, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.