АШТ: МАШВАРАТИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

 476 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳия машварати назди Раиси ноҳия шуда гузашт.
Масоили зерин таҳти баррасӣ ва ҳал қарор гирифтанд:
**Иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи андозсупорӣ ва аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тартиб додани нақшаи нави андозбандӣ;
**Муовини аввали Раиси ноҳия Қ.Расулзода ҷиҳати ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ барои сари вақт ва босифат супоридани андоз муваззаф гардид;
**Ҷоннок намудани фаъолият ва омодагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ;
**Таваҷҷуҳ ва масъулият дар самти суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия;
**Сифатнок ва тибқи талаботи замони имрӯз омода ва насб намудани шиору овезаҳо дар роҳҳои протоколӣ;
**Риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ: фосилагирӣ, пӯшидани ниқоб, безараргардонӣ, фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус;
**Танзими тартиботи фурӯшандагон дар бозорҳои ноҳия, бахусус дар ҳудуди мевафурӯшии бозори “Фаровон”-и деҳаи Қаҳрамон (ҷ.д.Шодоба).
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.