АШТ: МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ АССОСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

 404 боздид

Имрӯз дар толори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ашт вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сардорони Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ҳам сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор шуд.
Масъалаи асосии мулоқот ин баррасии пардохти пули истифодаи об ва сарҷамъона андешидани тадбирҳо ҷиҳати эҳё, нигоҳдорӣ ва барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, танзими фаъолияти шабонарӯзии пойгоҳҳо ва бад ин васила расидан ба ҳадафҳо буд.
Баъди баррасии масъала ҳозирин ба хулоса омаданд, ки барои ҳар гектар замин ҷиҳати объёрии босифат ва танзими фаъолияти пойгоҳҳо ба миқдори 10 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳамчунин барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ин иншооти муҳим ҳар нафар тибқи имконаш кӯшиш ба харҷ диҳад.
Ёдовар мешавем, дар ноҳияи Ашт айни замон 22 Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият доранд. Силсилаи пойгоҳҳои обкашии Ашти Калон аз 8 адад пойгоҳҳои обии баландшиддат иборат мебошад, ки азбаски солҳои зиёд дар хизмати мардум қарор дорад, ба таваҷҷуҳ ва барқарорсозии пайваста ниёз дорад.
—Ноҳияи Ашт ноҳияи кишоварзӣ ва макони меваҳои шаҳрдрез аст,—қайд намуд Раиси ноҳия Зариф Мирдадо. –Аммо барои истифода аз ҳамаи неъматҳои мавҷуда мо бояд ҷиҳати танзими фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия масъулияти бештарро эҳсос намоем.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.