АШТ: МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯ

 761 боздид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии вилоятии театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо футболбозони дастаҳои мунтахаби ноҳия ва мураббиёни онҳо баргузор шуд. Бояд зикр намуд, дар мулоқоти мазкур ба ҷуз варзишгарон наврасону ҷавонони ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо мақсади дастрасии маълумоти бештар ба ҷомеа даъват шуда буданд.

Дар баромади Раиси ноҳия қайд карда шуд, варзиш бо фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад. Тавре Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди  варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муарифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.”

Соли 2019 дар ноҳия баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 94 ҳазору 175 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин нисбати маблағгузории соли 2017-ум 22,5 баробар зиёд аст. Баҳри фаъолияти бомароми мактаби махсуси футболи ноҳия соли 2019 169 220 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, солҳои 2018-2019 дар ноҳия 16 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 12 майдончаҳои хурди варзишӣ, 4 адад толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ пешниҳоди варзишдӯстону ҷавонон гардидааст. Давоми солҳои 2020-2021 бунёди боз 14 адад иншоотҳои мухталифи варзишӣ дар назар аст.

Соли 2019 варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, 376 медалҳои тилло, 290—нуқра ва 275 биринҷӣ ба даст оварданд.

Боиси зикр аст, Федератсияи футболи ноҳияи Ашт моҳи декабри соли 2016 таъсис ёфт ва то ин замон мусобиқаҳои зиёд ҷараён гирифтанд, ки боиси баланд гардидани маҳорати дӯстдорони ин намуди варзиш гардид. Имрӯз дастпарварони мо Дадоматов Бежан ва Нормирзоев Нурсултон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Бо вуҷуди ин ҳама кӯшишҳои шароити мусоид фароҳам овардан ба варзишгарон, баъзе норасоиҳо ҷой доранд: норасоии лавозимоти варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ, варзишгоҳҳои сабзапӯш дар маҳалҳо, нокифоягии маблағ барои ширкат дар чорабиниҳои варзишӣ ва чанди дигар. Аммо ин мушкилот ҳалшуданист.

Имрӯз мехоҳам таваҷҷуҳи иштирокчиёни мулоқотро ба одобу ахлоқи наврасону ҷавонон ҷалб созам. Мушкилоти ба амалҳои номатлуб даст задани онҳо мавзӯи доғи рӯз аст.

Тибқи иттилои шуъбаи ноҳиявии ВКД-и ҶТ соли 2019 дар ҳудуди ноҳия 315 адад ҷинояткориҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2018-ум 93 адад зиёд аст. Дар ҳудуди ноҳия 15 ҳодисаи номатлуби худкушӣ ва сӯйиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 6 нафар занон ва 8 нафарашон ҷавонон ҳастанд.

Имрӯз вазъи мураккаби ҷаҳони сиёсӣ бозгӯ менамояд, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз мақсадҳои нопоки худ даст кашиданӣ нестанд, баръакс мехоҳанд алоқадри имкон фаъолияти ифротгароёнаи худро дар минтақаи мо густариш диҳанд. Имрӯз 84 нафар шаҳрвандони ноҳия тибқи моддаҳои 307, 401 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд. Ин рақамҳо ташвишоваранд.

Раиси ноҳия таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба эҳтиёткорӣ ҷиҳати истифодаи шабакаҳои интернетӣ, худдорӣ намудан дар бозгӯи андешаҳо дар шабакаҳо, зиракона интихоб намудани дӯстони интернетӣ, кӯркӯрона амал накардан дар самти пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои мухталиф дар шабакаҳо, бетараф набудан вақти тағйирёбии рафтору кирдори атрофиён равона намуд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз шумо—созандагони меҳани азиз бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҷиҳати таъмини амнияти кишвар, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоед. Мутмаин бошед, ки мо дигар давлати кӯчаку беқудрат нестем. Имрӯз давлати мо пуриқтидор, нерӯманд аст ва ҳимоятгарони шуҷои худро дорад, ки метавонад бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мубориза барад.

1 марти соли равон мо чорабинии муҳими сиёсӣ—интихобот дорем, ки бегумон бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ ва амнияти саросарӣ ҷараён гирад. Барои ин албатта, саҳми ҳар нафари шумо, чун парчамбардорони миллат ва насли ояндасози  Ватан калон аст. Бетарафӣ зоҳир накардан ва фаъолона ширкат намудан, дар ҳама лаҳзаву пайваста ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан рисолати ҳар нафари шумо аст.

Мо ба дастгириву ҳамбастагии шумо эътимод дорем, чун ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти шумо—наврасону ҷавонон аст.

Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи шуъбаи ноҳиявии дар ноҳияи Ашт будаи Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Суҳайл Аҳмадхонов, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба эҳтиёҷмандон Камол Самиев ҷиҳати мақсаду андешаҳои пур аз ғарази гурӯҳҳои ифротӣ, кӯшишҳои халал ворид намудан ба амнияти кишвар, кӯшиши бо ҳар роҳу восита амалӣ намудани мақсадҳои ифротгароёна сухан гуфтанд. Чун эътимоди ҷомеа ба ҷавонон бузург аст, пас арзандаи ин боварӣ ва идомадиҳандаи кору пайкори фарзандони шуҷои Ватан бояд буд.

Дар  анҷом суруду рақсҳои ҷаззоб аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ба ширкаткунандагон пешниҳод гардид.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.