АШТ: МУЛОҚОТ БО ХОДИМОНИ ДИН

 1 521 боздид

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  мулоқот бо имом-хатибон доир гардид. Дар вохурӣ прокурори ноҳияи Ашт-Каримзода Тоҷиддин, муовини сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт-Шавкатзода Кишвар, намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Аштбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд-Муҳиддинзода Ҷомӣ ва наздик 60 нафар имомхатибон иштирок намуданд.

Нахуст,  Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб сухан кард:

“Дар ҳудуди ноҳия  6 адад масҷиди ҷомеъ ва 50 адад масҷидҳои панҷвақта фаъолият менамояд. Масҷидҳои ҷомеъ дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон 1 адад, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз 3 адад, дар Ҷамоати деҳоти Ашт 1 адад, дар Ҷамоати деҳоти Ошоба 1 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро нақшаи чорабинии байниидоравӣ таҳия гардида, мунтазам корбарӣ карда мешавад.

Дар самти баргардонидани шахсиятҳое, ки ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар дар давлатҳои исломӣ таҳсил ва ё кору фаъолият доранд, ҷиҳати баргардонидани онҳо аз ҷониби масъулини шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои қудратӣ мунтазам бо падару модарони онҳо суҳбатҳои инфиродӣ баргузор карда мешавад.”

Дар идома намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Аштбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд-Муҳиддинзода Ҷомӣ доир ба пешгирии ҷавонон аз терроризм ва экстрамизм, таълимоти ғайриқонунии динӣ баромад намуда, таъкид ба амал овард, ки муҳиту атроф бетараф набошанд.

Сипас,  сархатиби ноҳия -Мусоев Абдулбақо, имомхатиби масҷиди ҷомеи  “Имоми Аъзам” дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз Ҷалолиддин Ниёзов дар хусуси дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пайравони дин ва намозгузорон суханг гуфтанд.

Баъдан, прокурори ноҳияи Ашт-Каримзода Тоҷиддин бобати устувории қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва решкан намудани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ноҳия баёни андеша намуданд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва корҳои ободониву созандагӣ мусоидат намоянд.

Ҳадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.