АШТ: МУЛОҚОТИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

 484 боздид

Бегоҳии имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бо фаъолони ноҳия баргузор шуд.
Аҳли нишаст аввалан бо ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия тавассути маърӯзаҳои муфассали муовини аввали Раиси ноҳия Қ.Расулзода, муовинони Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода ва Аниса Ҷалилӣ огоҳ шуданд.
Муовини аввали Раиси ноҳия қайд намуд, нақшаи иҷрои кишти пахта (6ҳ.200 га) 98,4 фоиз, картошка—100,1 фоиз, полезиҳо 63,8%, гандум—280%, ғалладонагӣ—150 фоиз, шолӣ-117 % иҷро шудаву аз ҷиҳати таъмини об кишоварзони ноҳия душворӣ надоранд. Айни замон дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили зардолу, картошка ва ғалладона идома доранд.
Н.Ҳикматуллозода ҷиҳати иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ба василаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ (азбаски нақшаи кишти пахта пурра иҷро нашудааст), суръат бахшидан ба дарави гандум, зиёд намудани кишти маҳсулоти ғизоӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба захираи хӯроки чорво, истеҳсолу фурӯши моҳӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо ин намуди гӯшти парҳезӣ, рушди соҳаи паррандапарварӣ, ба меъёри истеъмолӣ мувофиқ намудани ҳаҷми истеҳсоли баъзе аз намуди маҳсулот (тухм, гӯшти парҳезӣ, картошка…), азхудкунии заминҳои холимонда андешаҳояшро бозгӯ намуд.
Тибқи маълумоти муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баҳри таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми солҳои 2018-2019 дар ноҳия дар 204 иншоотҳои таъиноташон мухталиф корҳои сохтмонию таъмин ва азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, 477 ҷойи нави корӣ таъсис гардид.
Мувофиқи нақша дар соли 2020-ум 48 адад сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ пешбинӣ шудаву аз ин миқдор то айни замон 12 адад иншоот бо сарфи зиёда аз 2 млн. 693 ҳазор сомонӣ рӯйи кор омадаанд.
Дар маҷмӯъ, давоми се сол аз 301 адад иншооти ба нақша воридгардида, сохтмону бунёд ва азнавсозии 216 адад ба сомон расонида шуданд, ки 71,7 фоизро ташкил медиҳад. Ва аз ин ҳисоб 461 адад ҷойҳои корӣ таъсис ёфтаанд.
Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ҷиҳати ҷалби соҳибкорони дохиливу бурунмарзӣ барои сохтмони коргоҳҳои дӯзандагӣ ва саноатӣ, истифода аз маҳсулоти худӣ (масалан, хишт, ки айни замон на ҳамаи сохтмонҳои ноҳия аз маҳсулоти коргоҳи хиштбарории худи ноҳия харидорӣ менамоянд), иҷро намудани нақшаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ сухан гуфт ва дастуру супориш дод.
Ҳарчанд аз ҷониби Неъматулло Ҳикматуллозода нақшаи бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун (71,7) бахшида ба 30-солагии Истиқлолият қаноатманд арзёбӣ гардид, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия (бахусус, ҷамоатҳои деҳоти Шодоба, Меҳробод ва Ифтихор) вазифадор шуданд, нақшаҳои бунёди иншоотҳои ҷашниро бо масъулияти бештар ба сомон расонанд.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ дар маърӯзааш вазъи эпидемиологии ноҳияро муфассал таҳлилу баррасӣ намуд. Гуфта шуд, аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд. Дар ноҳия, дар маҷмӯъ барои табобати беморон 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводҳои зарурии тиббӣ таъмин ҳастанд.
А.Ҷалилӣ ҳамчунин вазъи соҳаи маорифро низ ба пуррагӣ бозгӯ намуд.
Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуд, аммо таъкид кард, набояд аз ин қаноатманд шуд, соҳаи тандурустии ноҳия бояд ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.
Ҳамин тариқ, дар мулоқоти Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бо фаъолони ноҳияи Ашт ҳамаи паҳлӯҳои хоҷагии халқи ноҳия баррасӣ шудаву масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозодаро бовар кунонд, ки камбудиҳои бозгӯшуда бо истифода аз ҳамаи имконияту захираҳо рафъ хоҳанд шуд ва мардуми сарбаланди ноҳияи Ашт 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 бо тамоми ҳастӣ кӯшиш хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода пеш аз мулоқот бо фаъолон аз якчанд иншоот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва толору варзишгоҳҳои бунёдшуда, аз ҷумла ҶДММ “Моҳи сабр”, Пойгоҳи обкашии №1, х/д “Олами ангур”, майдонча ва толори варзишӣ дар деҳаи Дӯстии ҷ.д. Ашт, гармхона дар ҷ.д.Пунук, МТМУ №25 ва ғайра дидан намуд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.