АШТ: МУОВИНИ АВВАЛИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА РАИСИ НОҲИЯ АЗ МИНТАҚАИ СЕЛЗАДАИ АШТ ДИДАН НАМУД

 676 боздид

30.05.22 Пас аз боридани борони шадид тахминан соати 11:40 бо вақти маҳаллӣ дар мавзеъи Аштсойи деҳаи Ашт, Ҷамоати деҳоти Ашт ва деҳаи Пунук, Ҷамоати деҳоти Пунук селоба омада роҳҳои марказӣ деҳаро қисман валангор намуд.

Фавран, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои дахлдор ба деҳаи Ашт ташриф оварда бо паёмади сел шинос шуд. Раиси ноҳия барои дар мудати кӯтоҳ бартараф кардани оқибатҳои сел ба масъулин супоришҳо дода, бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбати озод намуд. Ҳамзамон , ба таври таҷилӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Ашт ситоди фаврӣ доир гардида барои бартараф намудани хисороти сел чораҳои зарурӣ дида шуд.

Аллакай корҳои барқароркуӣ оғоз гардида техникаҳо ҷалб гардиданд. Худи ҳамин рӯз бо супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Хол Ҳайдар сохторони дахлдор аз вилоят минтақаи селзадаро дидан намуданд.

Паёмади сел аз ҷониби ситоди ноҳияви кунун ҳисоб мегардад.

 

Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.