АШТ: МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯ ТАШРИФ ОВАРД

 442 боздид

01.10.2022

Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳия Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати кишоварзи вилоятро истиқбол гирифтанд.

Дар оғоз муовини Сарвазир вобаста ба вусъат додани корҳо дар ҷамъоварии “Тиллои сафед”, пурсамар истифода бурдани имкониятҳои иқтисодӣ, самаранок истифода бурдани замин ба масъулин дастур дод. Дар оғоз меҳмонон аз хоҷагии деҳқони “Суҷҷа”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба шинос гардиданд. Сулаймон Зиёзода аз бошишгоҳи саҳроии тозабунёд барои ҳашарчиён дар ҳудуди хоҷагӣ боздид намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид изҳори қаноатмандӣ намуд. Боздиди корӣ дар майдони пахтаи хоҷагии ҷамоавии Кооперативи тиҷоратии “Иттифоқ” идома ёфт. Маврид ба зикр аст, ки хоҷагии мазкур ҳамасола ҳосили хуб рӯёнида дар иҷро намудани дурнамои пахта нақши созгор дорад. Дастур дода шуд, ки барои истеҳсоли ҳосили пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коркарди маҳсулоти ватанӣ тарбирҳо андешида шавад.

Сипас, меҳмонон ба ҶДММ “Рахшона” ташриф оварда аз нашъунамои пахта ва заминҳои ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, дидан намуданд. Бояд гуфт, ки дар ҶДММ “Рахшона” аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи ғайрикишоварзӣ беш аз 130 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, хӯроки чорво ва гандуми тирамоҳӣ кишт гардидааст.

Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Сулаймон Зиёзода вобаста ба вусати корҳои саҳроӣ ва рафти азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда маълумот дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.