АШТ: Мусобиқа оид ба бокс оғоз гардид.
Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба Бокс байни наврасон, ҷавонон ва духтарони солҳои таваллудашон 2013-2014, 2011-2012, 2009-2010, 2007-2008, 2005-2006 ва 2003-2004 бахшида ба хотири гиромидошти Номзади устоди Бокс Алибоев Баҳодур ва «32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт оғоз гардид.
Дар он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия оид ба таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва раиси вилояти Суғд ба соҳаи варзиш изҳори андеша намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз Ҷумҳурии Узбекистон (Нурафшон, Сурхандарё, Пахтакор, Ҷиззах, Бухоро, Фарғона) ва шаҳри Кулоб, шаҳри Норак, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Исфара, ноҳияи Б.Ғафуров, ноҳияи Шаҳристон, деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Мулломири Ҷамоати Шайдон, деҳаи Ашт ва шаҳраки Шайдон бо фарогирии зиёда аз 130 нафар варзишгар иштирок доранд.
Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор қувваозмоии варзишгаронро тамошо намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия