АШТ: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Муай – Тай байни наврасон ва ҷавонон

 514 боздид

Санаҳои 4 – 6 июни соли равон, дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ноҳия мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Муай – Тай байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар наврасону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Рашт, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Фархор, Зафаробод, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен ва Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, Раиси Федератсияи Муай – Тай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилов Сангалӣ, директори муассисаи давлатии мактаби варзишии вилояти Суғд ҳамзамон Раиси Федератсияи Муай – Тай дар вилоят Алихонов Даврон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи намуди Муай – Тай дар ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар охир ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон бо Дипломҳои дараҷавӣ ва медал қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.