Ашт: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасон (писарон) барои дарёфти Ҷоми Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм Искандар Ҳомидов ҷамъбаст гардид.

 234 боздид

Санаи 17 – 20 — уми декабри соли ҷорӣ дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳия дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 – уми декабри 2021, №261-в мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасон (писарон) барои дарёфти Ҷоми Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм Искандар Ҳомидов баргузор гардид, ки дар он дастаҳои вилояти Суғд ду даста шаҳри Душанбе, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи Суғд-2
Ҷойи дуюм насиби дастаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон
Ҷойи сеюм насиби дастаи Суғд-1 гардид.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия сарварони муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии ноҳия ва мураббиёну варзишгарон ширкат варзиданд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ғолибон бо Ҷом, медал ва диплом сарфароз гардониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.