АШТ: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

 562 боздид

Шурӯъ аз санаи 07 июл дар Мактаби варзишии рақами1-и шаҳраки Шайдон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасдухтарони соли таваллудашон 2003 ва хурд, барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Нуралӣ баргузор гардида истодааст.

Тавре ба мо Ҷамшед Насриддинов мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз баргузории ин мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, тарғибу ташвиқи волейбол байни бонувон ва наврасдухтарон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз рӯзи 07 то 11 июли соли ҷорӣ идома меёбад, ки ғолибон бо Ҷом, медал ва диплом қадрдонӣ карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.