АШТ: Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол ҷамъбаст гардид.

 341 боздид

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаҳои 4 – 8 – уми январи соли 2022 дар варзишгоҳи Ҷамоати деҳоти Шодоба мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол байни ҷавонон ва калонсолон бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 32 даста аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин мусобиқаҳо дар ноҳия бо ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ва сокинон баргузор гашта истодааст. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо оммавияти варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави ин намуди варзиш ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи тундрав маҳсуб ёфта, дар баробари ин муаррифии соҳаи варзиши ноҳия дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар мебошад.
Инчунин Раиси ноҳия Мирдадо Зариф аз рафти мусобиқаи мазкур дидан намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ таманно намуданд.
Натиҷаи мусобиқа чунин аст:
Ҷойи якум – дастаи Пахтакор-и Ҷамоати деҳоти Ориён
Ҷойи дуюм – дастаи Гулшан-и Ҷамоати деҳоти Шодоба
Ҷойи сеюм – дастаи Қалъа-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ва дастаи Гулистон-и Ҷамоати деҳоти Ориён
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо дипломи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравии сарпарастон қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.