АШТ: МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПАНКРАТИОН ВА ГРЭППЛИНГ (ADCC) БАРГУЗОР ШУД

 1 817 боздид

Санаи 19.06.22 дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ноҳия кушодашавии мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Панкратион ва грэпплинг (ADCC) доир гардид.
Дар чорабинии варзишӣ варзишгарон аз Ҷумҳурии ба мо дӯсту бародари Ӯзбекистон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оғоз гардид.
Дар оғоз роҳбари ноҳия баромад намуд:
“Итминон дорам, тайи рӯзҳои дар меҳмонии мо қарор доштанатон таассуроти хуб дар дилу дидаи Шумоён то дер ҷой гирифта, дӯстиву бародарии байни наврасону ҷавонон мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Бигзор, дар рафти мусобиқа дӯстӣ, ҷасурӣ, адолат ва шаффофият ғолиб ояд.”
Маврид ба зикр аст, ки тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи Панкратион ва грэпплинг (ADCC) — вилояти Суғд байни наврасони 7-10 сола, 11-14 сола, ҷавонони 15-18 сола ва калонсолон (+18) сола баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ташвиқу тарғиби намуди панкратион, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорату малакаи доварону иштирокдорон азёби мегардад.
Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон медал ва Сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.