АШТ: Мусобиқаи “Шотокан” оғоз шуд.

 3 437 боздид

12.11.2022
Имрӯз, дар ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Президенти Федератсияи «Шотакан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Мирзоев тибқи
низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Раиси ноҳия бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент байни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва бонувон баҳри тарғиб ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Шотокан” оғоз гардид.
Дар чорабинии варзишӣ Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуда, бари ташриф меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт.
Барои иштирок дар мусобиқаи “Шотокан” варзишгарон аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Инчунин, аз варзишгарон ва намояндагон аз Ҷумҳурии Узбекистон суханронӣ ва иштирок намуданд.
Дар оғоз, ба Раиси ноҳия дар вазъи тантанавӣ барои таваҷҷӯҳи баланд ба соҳаи варзиш Сипоснома супорид.
Баъдан ба меҳмонон ва пешқадамони соҳа Сипосномаи Раиси ноҳия тақдим гардид.
Дар назар аст, як чанд рӯз мусобиқаи зикргардида идома мекунад ва ғолибон муайян мегарданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.