10.11.2022
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд аз санаи 1 то 7 ноябр озмуни театрҳои касбӣ бо номи “Ҳафт ситора” баргузор гардид.
Дар баробари 7 театрҳои касбии ҳудуди вилоят гурӯҳи эъҷодии МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов дар ноҳияи Ашт бо намоишномаи “Тақдир” иштирок намуда ҷойи яккумро сазовор гардиданд. Ин дастовардро гурӯҳи эъҷодӣ аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба соҳаи театр арзёбӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки намоишномаи мазкур аз рӯи асари Нарзулло Шарипов бо таҳияи коргардонҳои касбӣ Акмал Турсунов ва Хушнуди Дадо пешкаши тамошобинон гардидааст.
Дар ин замина, ҳунарпешаи театр Рухшона Кучбоева дар бахши “Беҳтарин нақши зан” ва ҳунарманди ҷавон Азиз Азизов хонандаи Литсейи №2 ҷоизаи “Дебют” дар нақши кӯдакона ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбари театр Хушбахт Пулотов ва ҳунарпешаи моҳир Шоир Абдураҳмонов ҳамчун пешқадамони соҳа бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия