АШТ: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲА.

 221 боздид

11.10.2024

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, Шарифҷон Ахмедов-намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъбастии 9 моҳаи соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони расонаҳои хабарӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Нахуст, «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия аз ҷараёни кор дар самтҳои андоз, ташкил корхонаҳои саноъатӣ, таъмини сокинон бо ҷой нави корӣ, руш додани соҳибкорони хурду бузург, ҷамъовари саривақтии ҳосили пахта бузург ва дигар масъалаҳо пурсиш ба амал овард.

Роҳбари ноҳия оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардани ҳисси ватндустиву меҳанпарастӣ ва пешгирии онҳо аз шомилшави ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта сухан гуфт.

Раиси ноҳия бо таҳлилҳои амиқ барои пешравии кор вобаста ба самти иқтисод, маориф, кишоварзӣ, хоса чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, захираи хошоки дурушт, истеҳсоли пашм, гӯшт, кишти такрорӣ ва дигар намуди маҳсулотҳо дастури мушаххас дод.

Дар фарҷом Раиси ноҳияи Ашт бо медали ҷашнии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хизмати босазод дар мумфаршкунии беш аз 170 километр дар ҳудуди ноҳия дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуд.

Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.