Ашт: Наваскарон қасам ёд карданд

 1 317 боздид

Имрӯз, 28 ноябр дар қисми низомии 0216 сарбозони навдаъватшуда ба хизмати ҳарбӣ қасам ёд карданд, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояи Суғд, полковник Хушқадам Қадамов, командири қисми низомии мазкур подполковник Ҳакимзода Муҳиддин, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид, собиқадорон, ҷанговарони Интернатсионалист, хонандагон ва омӯзгорон ширкат варзиданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни баромади хеш қайд кард, ки артиши миллӣ, аз ҷумла қушунҳои сарҳадӣ дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ба шумор меравад. Раиси ноҳия барои сарбаландона хизмати Ватанро ба ҷо овардан ба наваскарон барору муваффақият таманно кард.

Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояи Суғд, полковник Хушқадам Қадамов иброз дошт: “Сарбозону афсарони диловар ба хотири ояндаи дурахшон ва зиндагии тинҷу осоиштаи халқ сарзамини аҷдодиро дар набардҳои тақдирсози таърихи Ватан эҳтиёт намуданд ва то ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо намунаҳои арзандаи дарси ватандӯстиву ватандорӣ барои насли имрӯзаи миллат мебошад ”.

Сипас чандин афсарону сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ софдилона хизмат намуда истодаанд бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Убайдулло Миродиев сарбози нав даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ савганд ёд намуда гуфт, ки софдилона ва поквиҷдонона ба Ватан хизмат мекунад.

Дар охир баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.