АШТ: Нишасти матбуотии Раиси ноҳия баргузор гардид.

 279 боздид

Субҳи имрӯз, 3 — юми феврали соли 2022, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Конфронсзали муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” нишасти матбуотии Раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони кумитаву раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, сартабиби беморхонаи марказӣ, кормандони васоити ахбори умуми ноҳия, аз ҷумла Мисробӣ Таҳмина-сармуҳаррири рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”, Сиддиқов Юнусалӣ –сармуҳаррири Ширкати радои “Диёр Ашт”, Муъмин Абдулло – мудири шуъбаи узбекии рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”, Ҳаётҷони Одил – мудири шуъбаи кишоварзии рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”, Ганҷина Мирзовалиева – мухбири рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”, Сулаймонқул Азимӣ – собиқадори матбуот ва намояндаи телевизиони “Синамо” Каримӣ Обидҷон ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо бурду бохти ноҳия дар ҷамъбасти соли 2021 ва бо вазифаҳои минбаъда шинос намуд.
Ба Раиси ноҳия саволҳои мухталиф аз ҷумла, нақшаҳо дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳия, расман кай ба фаъолият шурӯъ намудани боғчаи бачагона, Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии 30- солагии Истиқлол, МТМУ №65, арзёбӣ ҷиҳати вазъи эпидемиологии ноҳия, фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия ва чигунагии вазъ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, бахусус деҳаи Саро, бунёди коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳия, оид ба ободии роҳ ва таъмиру тармими роҳсозӣ, оид ба таъсиси нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар деҳеҳои дурдасти ноҳия, сабаби қафомонии фаъолияти коргоҳи намакистеҳсолкунии ноҳия, ҷиҳати муайян намудани музди пардохти боғчаи бачагонаи навбунёд дар шаҳраки Шайдон ва тоза нигоҳ доштани роҳи протоколии Ашт — Хуҷанд пешниҳод карда шуданд.
Рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз тарафи Раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон Раиси ноҳия изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фаъолияти минбаъда бо ислоҳи камбудиҳо баҳри таъмини пурраи вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас чораву тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар охир Раиси ноҳия кормандони васоити ахбори умумро даъват намуд, ки ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияро воқеъбинона инъикос намуда, ҳамзамон ба баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими эҳсосоти меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати халқҳо диққати доимӣ диҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.