АШТ: ОБОДИИ РОҲ МАРОМИ МОСТ!

 704 боздид
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт пас аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободониву созандагӣ пешниҳоди Раиси ноҳияро дастгирӣ намуда, барои ободии роҳ камар бастанд ва ин раванд идома дорад.
Чанде пеш сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Дустӣ пас аз мулоқоти Раиси ноҳия сарҷамъ гардида, бо харҷи наздик 2 миллион сомонӣ беш аз 2 клометр роҳи “Оромгоҳ” ва дигар роҳҳои дохилиро пурра мумфарш карданд. Ҳамзамон ба кӯчаи зикргарида, фурузонакҳои муосир насб гардидааст, ки зебогии кӯчаро дучанд месозад.
Маблағгузори пурра аз ҳисоби сокинони ватандусту меҳанпарсат ва ашхоси саховатпеша сурат гирифта, ҳоло сокинони саховатпеша барои дигар роҳҳои деҳа маблағ ҷамъоварӣ карда истодаанд, ки рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Алҳол сокинони маҳаллаи “Қалъа” бо шукргузори аз оромиву ободии давлат ташаббус нишон дода, ободии роҳ амали садақаи ҷория медонанд. То имрӯз 2 клометр роҳи асосии маҳалла мумфарш гардида, ин иқдом дар дигар куҷаҳои деҳаи Дустӣ ва минтақаи Ашти боло идома мекунад.
Ҳангоми сафари кори Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷараёни бунёди роҳ боздиди корӣ анҷом дода, барои сокинони маҳал дар саҳмгузорӣ ва бунёди роҳ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар назар аст, ки 10 километр роҳи деҳаҳо дар Ҷамоати деҳоти Ашт дар соли 2024 мумфарш гардида, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Ҳамзамон, сокинони ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, ният доранд, ки дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт аз ҷониби соҳибкори бо нангу номус Равашан Эргашов бо харҷи беш аз 300 ҳазор сомонӣ дар варзишгоҳи МТМУ 47 ба номи Ғайратҷони Отаев маҷмааи варзиширо бунёд намоянд. Ва дар ин самт аллакай кор оғоз гардидааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.