Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободкориву созандагӣ мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Ориён 8 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Сарвак бунёд мекунанд. Синфхонаҳо ба таври ҳашар сохта шуда, 28 метр дарозӣ ва 14.5 метр паҳноӣ дорад. Барои дар фурсати кутоҳ анҷом ёфтани бино ва мувофиқ ба меъёри сохтмонӣ роҳбарони хоҷагхои деҳқонӣ ва шахсони саховатманд саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Салом Қаҳоров боқчаи бачагонаи рақами 7 дар деҳаи Шаҳринав аз нав шифирпӯш мегардад.