Нимаи дуюми имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт, дар доираи баргузории чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи ҷавонон», мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд, байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 2002-2004 оғоз гардид, ки то санаи 16 май идома хоҳад кард.
Дар расми кушодашавии мусобиқа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори МД МВ вилояти Суғд Манижа Қосимова, Бобур Зайлобиддинов довари байналмиллалӣ, меҳмон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Мадазимов Тухтасун собиқадори меҳнат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷамшед Насриддинов, устодони варзиш ва варзишгарон иштирок доштанд.
Нахуст Манижа Қосимова директори МД МВ вилояти Суғд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида сипас меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муаррифӣ намуд.
Бобур Зайлобиддинов довари байналмиллалӣ, меҳмон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, баромад намуда, ба варзигарон ҷиҳати ғолиб омадан дар ин мусобиқа бурдбориҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа 13 даста бо иштироки беш аз 120 нафар варзишгарон барои дарёфт кардани Ҷоми Раиси вилояти Суғд байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки 1 даста бо ҳайати 5 нафар Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 12 даста аз манотиқи кишвар, барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт омаданд.