05.10.2024 вақт 10:00
Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шукӯҳи идона танинандоз аст, зеро се ҷашнвораи бузурги таърихӣ-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи мавлуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзи иди касбии омӯзгорон дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, чорабинии сатҳи баланд доир гардид.
Ҷоиз ба қайд аст, ки таҷлили рузи омӯзгорон тавъам ба рӯзи мавлуди Пешвои муаззами миллат аст.
Нахуст, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд, саҳми омӯзгоронро дар тарбияи насли ояндасоз муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои қудратӣ, омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маъориф ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, омӯзгоронро ба рӯзи иди касбиашон таҳният намуд:
“Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.”.
Дар идома, омӯзгорон ва фаъолони соҳа бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд, ки онро Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи намояндаи мақомоти иҷроияи вилояти Суғд дар вазъи тантанавӣ супориданд.
Ҳамзамон, як қатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаи Раиси вилоят ва ноҳия сарфароз гардиданд.
Чорабинӣ дар сари хони идона дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии “30-солагии Истиқлол”идома ёфт ва баромади хонандагон ва сурудҳои дилнишину рақсҳои ҷаззоби аҳли хунар чорабиниро шукӯҳи дигар бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия