АШТ: ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ГАРДИД.

 5 938 боздид

АШТ: ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ГАРДИД.

Имрӯз дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки довталаб озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Нахуст, ба кори озмун масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлвтии ноҳия, аз номи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оғоз бахшида, ба иштирокдорон барор хостанд:

“Ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ва шафоф гузаронида мешавад. Мебояд, барои пируз омадан довталабон ҳамаҷониба омода бошанд ва тайёрии комил дошта бошанд.”

Озмун аз рӯйи 6 номинатсия ҷараён дорад: — номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; — номинатсияи адабиёти классикӣ; — номинатсияи адабиёти муосир; — номинатсияи адабиёти ҷаҳон; — номинатсияи эҷоди наср, номинатсияи эҷоди назм.

Маврид ба зикр аст, ки озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир мегардад.

Ҳакамон дар 6 утоқӣ театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи номинатсияҳо пурсиш карданд ва дар умум 661 нафар хонанда, 92 нафар омӯзгор, 18 нафар касбу кори гуногун ширкат намуданд.

Вобаста ба натиҷаи озмун маълумот пешниҳод хоҳем кард.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.