АШТ: Озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ

 956 боздид

Санаи 28 октябри соли ҷорӣ, дар ҳудуди Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар назди “Чойхонаи миллӣ” даври ноҳиявии “Озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” баргузор карда шуд.

Тавре дар ҷараёни Озмун иттилох дода шуд, мақсад аз баргузории “Озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ”, ин пеш аз ҳама эҳё намудани ҳунарҳои қаннодии миллӣ, вусъати ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафта ва истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ, муаррифии навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ мебошад.

Дар дар даври  ноҳиявӣ  ҳунармандон  аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, литсейҳои касбӣ – техникӣ ва намояндагон аз коргоҳҳои қаннодии ноҳия  иштирок намуда, ба озмун намудҳои гуногуни маҳсулотҳои қаннодӣ ва ҳалво дар табақҳои миллӣ пешниҳод карданд.

Дар ҷараёни баргузории даври ноҳиявии “Озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” муовини  Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар натиҷаи баҳогузорӣ, аз тарафи ҳайати ҳакамон ғолибони даври ноҳиявии “Озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ” ба тариқи зерин муайян карда шуд:

—        Ғолиби ҷойи якум    —  Ҷамоати  деҳоти  Понғоз,  ҳунарманд  Исоева Шаҳодат;

—        Ғолиби ҷойи дуюм – Ҷамоати шаҳраки Шайдон, ҳунарманд Воҳидов Орифҷон;

—        Ғолиби ҷойи сеюм — Ҷамоати деҳоти Шодоба, литсеи касбӣ-техникии  № 74.

Дар охир ғолибони даври ноҳиявии озмун бо дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.