АШТ: ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” АНҶОМ ЁФТ.

 5 852 боздид

     Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми феврали соли 2023, №АП – 329, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси ноҳияи Ашт озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” дар ноҳия баргузор карда шуд.

   Озмуни мазкур, ҳамасола бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. 

   Дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” доир карда шуд, ки дар он 130 нафар иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ (жанрҳои эстрадӣ, анъанавӣ, академӣ), навозандагӣ (жанри анъанавӣ), санъати тасвирӣ (жанрҳои рассомии минюатурӣ, рассомӣ) ва дизайн (жанри бофандагӣ ва дизайни мӯд) ширкат варзида, аз онҳо 37 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардиданд, аз ҷумла 8 нафар ҷойи якум, 14 нафар ҷойи дуюм, 15 нафар ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.