АШТ: ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ҶАМБАСТ ГАРДИД.

 6 309 боздид

28.03.2023
Дар саҳни МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов фестивал-озмуни ноҳиявии “Сайри гули лола” таҷлил ва ҷамбаст карда шуд.
Аввалан, дар даромадгоҳи театр маҳсули дастии ҳунармандони ноҳия ва рассомон ба маъраз гузошта шуд. Ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ғолиб омадан дар фестивал-озмуни ноҳиявии “Сайри гули лола” иштироки фаъолона намуданд.

Аз маҳсули дастии иштироккунандагон Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбари КИ ҲХДТ дар ноҳия аз маҳсули дастони моҳир, рассомон ва гулҳои гуногун дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Сипас, Раиси ноҳия ба сунхан баромада:
“Боиси ифтихор ва хурсандист, ки имрӯз дар идомаи баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ даври ноҳиявии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола”, ки рамзи зебоипарастӣ ва фарҳангсолории мардуми тоҷик аст ва мувофиқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, бо мақсади густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар маҳал, ташвиқу тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ, вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ баргузор гардида истодааст.”

Баъдан, ба як қатор иштирокчиёни фаъол Диплом ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

Дар фарҷом барномаи рангини аҳли ҳунар ба таваҷҷӯҳи ҷамъомадагон тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.