АШТ: Паради ҳарбӣ баргузор гардид.

 392 боздид

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳия Паради ҳарбӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар Паради ҳарбӣ зиёда аз 2000 (ду ҳазор) нафар ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозон, сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло дар баромади худ қайд намуданд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманд ва куҳанбунёди тоҷик дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги давлативу миллӣ 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ба ифтихори ин санаи тақдирсози таърихӣ ҳамаи Шумо — афсарону сарбозони далери Ватан, ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло мардуми кишвар ба хотири ободу зебо гардонидани Ватани азиз, дар бунёду ба истифодадиҳии якқатор иншоотҳои ҷашнӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Таърихи сисолаи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон собит намуд, ки мо-тоҷикон мардуми таърихан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем.
Маҳз, ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 90-ум раҳоӣ ёфтем.
Қобили қайд аст, ки 23-юми феврали соли 1993 қадамзании музаффаронаи Артиши миллии Тоҷикистон оғоз ва бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 28 сол дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошубҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаи беруна, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табадуллоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир намудааст.
Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқ ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёнии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид намуданд: “Дар марҳилаи ҳозира, ҳамчунин, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.”
Вазъи кишвари ҳамсояи мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон басо мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои он рӯз аз рӯз мураккаб гардида истодааст. Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.
Бояд гуфт, ки Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши Миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Сарвари давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи мо вазифаи худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро карда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан сазовори боварӣ ва эътиқоди мардуми ноҳия гаштаанд.
Ҳамкории мутақобилаи онҳо бо ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, волидони аскарон сол то сол беҳтар гашта, дар тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Тайи солҳои охир баҳри таъмини шароити хуби хизмату истироҳати афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, муҷаҳҳазгардонии қисмҳо бо лавозимотҳои зарурии ҳарбӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳо андешида мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми панҷ соли охир баҳри тармим ва таҷдиду азнавсозии иншоотҳои дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ободу зебо гардонидани ҳудуди он корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар ин муддат аз ҷониби Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дидбонгоҳҳои сарҳадии “Понғоз”, “Пунук” бо арзиши лоиҳавии 7 миллиону 211 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомӣ воқеъ дар мавзеи КВЁ “Рахш”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо арзиши лоиҳавии 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар қисмҳои сарҳадии номбурда, бино бо таҷҳизотҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, бинои ҳаммому сартарошхона, ошхонаю анбор, мошинсарой, ҷойҳои истироҳатӣ, ҳавзи зидди сухтор сохта шуданд.
Танҳо давоми солҳои 2015-2021 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру тармим, таҷҳизотҳои ҳарбӣ, расонидани кӯмаки яквақтаина ба хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ қариб 801 ҳазору 539 сомонӣ хароҷот шудааст.
Ин ҳама ғамхориҳо бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар шудани шароити хизмати ҳарбӣ ва муҳофизати хатти сарҳадӣ амалӣ гардида истодааст.
Артиши миллии кишвар, ки зодаи истиқлоли давлатӣ мебошад, дар муддати хеле кутоҳ ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.
Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.
Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид месозанд, ки “Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр ва бонангу номуси кишварамон мебошад. Зеро, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ба ҳар як фарди содиқи ин Ватан вобастагӣ дорад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.
Корномаи фарзандони шуҷову матиниродаи миллати мо дар фоҷеаи мудҳиштарин –Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бемисл буда, дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст.
Бо ишора ба ҷоннисориҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномаи дар майдони ҷанг, ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: “Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардиданд, сари таъзим фуруд меорем.”
Аз ин лиҳоз, пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Бояд қайд намоям, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм аз ноҳияи Ашт 6784 нафар баҳри ҳифзи марзу буми Ватан сафарбар гардида, аз ин шумора 1447 нафар ҳалок, 1442 нафар беному нишон гум ва 3779 нафар баъди ҷанг ба Ватан баргаштанд.
Боиси ифтихори мардуми ноҳия аст, ки 1 нафар аз сафарбаршудагон Туйчӣ Эйригитов ҳангоми задухӯрд бо душман корнамоии Матросовро такрор намуда, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил гардидааст. Ҳамзамон, зодаи ноҳияи Ашт Хуҷамбердиев Эгамбердӣ дорандаи се дараҷа ордени “Шараф” мебошанд.
Ба ҳолати имрӯза дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳия 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 инҳо, Мирзалиев Сотим аз Ҷамоати деҳоти Пунук, Юнусов Уруш аз Ҷамоати деҳоти Ифтихор, Ҳоҷиматов Қучқор ва Холматов Абдуқодир аз Ҷамоати деҳоти Понғоз мебошанд, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд.
Баҳри гиромидошт ва пос нигоҳ доштани номи неки якчанд иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия номи кӯчаву маҳаллаҳо, деҳа, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ба мисоли деҳаи Эгамбердӣ Хуҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба, деҳаи Қаҳрамон ва муассисаи таълимии рақами 30 Ҷамоати деҳоти Шодоба, хоҷагии зотпарварӣ ва маҳаллаи калонтарини шаҳраки Шайдон ба номи Туйчӣ Эйригитов, Беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов номгузорӣ карда шудааст. Инчунин, дар деҳаҳо якчанд кӯчаҳо ба номи иштирокчиёни ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ номгузорӣ карда шудааст.
Бо ифтихормандӣ қайд менамоям, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи хати сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.
Тули 30-соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 14 ҳазор фарзандони баору номус ва далеру шуҷоъ аз ҷониби Комиссариати ҳарбии ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватани азизу маҳбубамон сарбаландона адо намуданд. Аз онҳо зиёда аз 34 нафар баҳри оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ҷони худро нисор намуданд.
Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ 300 нафар ҷавонони баору номуси ноҳия дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ сафарбар гардида, 31 нафари онҳо ҳалок ва 3 нафар бе ному нишон гардиданд. Дар байни онҳо Норматов Наврӯз дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардида, баъди маргаш бо медали “Шараф” ва Мамадҷонов Бахтиёр бо медали “Барои ҷасорат” мукофотонида шудаанд.
Инчунин, 15 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳия 184 нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ қарор доранд, ки аз онҳо 13 нафарашон дар натиҷаи гирифтани осеб ва захмӣ гардидан, маъюб мебошанд.
Мо ба ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуда, хотираи неки онҳоеро, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ қурбон шудаанд, абадан пос медорем.
Ҳамзамон бо ин, аз ақлу хирад ва заковати Пешвои миллат ва сабру таҳаммули миллати куҳанбунёдамон ифтихору шукрона мекунем, ки маҳз ба шарофати иродаи қавии мардуми шарифи кишвар давлати ҷавони тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидем.
Дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон родмардони матини ноҳия аз хизмати ҳарбӣ бо зиёда аз 600 раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ фармондеҳон ва командирони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, 1 нафар бо ордени “Шараф”, 1 нафар бо ордени “Ҷасорат”, зиёда аз 330 нафар бо нишонҳои сарисинагии “Аълочии Қушунҳои сарҳадӣ”-и дараҷаҳои 1 ва 2, медалҳои ҷашнии Гвардияи миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳолати омодабошӣ қарор доранд, ки дар мавриди зарурӣ иловатан баҳри пурра гардонидани қисмҳои ҳарбӣ ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Айни ҳол, зиёда аз 1200 нафар ҷавонписарони ноҳия дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ба қасами ҳарбӣ ва имони комил дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри адои қарзи фарзандӣ камар баста, сарбаландона хизмат намуда истодаанд.
Шумо — афсарони муҳтарам бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед. Бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ надоред ва ҳамеша ба унвони баланди афсар сазовор бошед.
Дар вазъияти имрӯз ба амал омада вазифаи муҳимтарини Шумо – сарбозону афсарон ва умуман хизматчиёни ҳарбӣ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат, миллат содиқ бошед, интизому иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.
Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар-Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии сарбозону афсарон масъалаи аввалиндараҷа мебошад.
Боварии комил дорам, ки тамоми роҳбарон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҷаҳони пур аз таззод ба хотири таъмини амният, суботу оромии ҷомеа ҳамеша бо иродаи қавӣ ва руҳи матин омода хоҳанд буд.
Мо бояд ифтихор кунем, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.
Мо бояд аз ин Ватани озод, аз ин давлати соҳибихтиёр ва аз Пешвои муаззами миллат шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Бори дигар ҳамаи Шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни бузурги давлативу миллӣ-сисолагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо пеш аз ҳама саломатӣ ва дар иҷрои қарзи муқаддаси фарзандӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва вазифаҳои бисёр муҳиму масъулиятнокатон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату пирӯз бошед, ҳомиён ва фарзандони банангу номуси Ватан!
Баъд аз гузашти ҳарбӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозон, сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ чорабинӣ ба анҷом расид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.