АШТ: Паёми табрикотии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 868 боздид
Ҳамдиёрони азиз!
   Ба ин санаи сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, ки асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад, кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу менамоям.
   Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳими пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастоварди бузурги таърихии халқамон истиқлол, озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем.”
   Дар ҳақиқат, истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ асоси шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост он рӯз то рӯз рушд мекунад, аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон овозадор гаштааст.
   Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид.
   Чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар солҳои 90-уми асри гузашта хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.
   Маҳз, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
   Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷеаи даҳшатнок ба имзо расонидааст ва имрӯз аз он айём 26 сол сипарӣ мегардад.
   Ин ҳама бисту шаш соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
   Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият расем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.
   Боиси ифтихору сарбаландист, ки ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил мо ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидем ва ҳоло барои рӯзгори орому осуда шароити мусоид фароҳам омадааст.
   Натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳраку деҳоти ноҳия ободу зебо мешаванд ва муҳимтар аз ҳама, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар мегардад.
Айни ҳол, корҳои омодагӣ бо таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд роҳандозӣ гардида, баҳри иҷрои ҳадафи дурбинонаи Сарвари кишвар “Саноатикунонии босуръат” дар ноҳия бунёду ба истифодадиҳии даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта, корбарӣ рафта истодааст.
   Бо боварӣ зикр менамоям, ки мардуми ноҳия минбаъд низ иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо меҳнати садоқатмандона дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
   Дар ин ҷода бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори рӯйдоди таърихӣ ва тақдирсоз Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, дар раванди амалҳои неку созанда ба ҳамаи мардуми диёр барори кор орзу менамоям ва хоҳони онам, ки бигзор дар Ватани азизамон ваҳдати устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва дар ҳар хонадон шодиву сурур ва файзу баракат ҳамешагӣ пойдор бошад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.