АШТ: ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА  ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

 501 боздид

06.02.2023

Имруз, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар маҷлисгоҳи МТМУ №65-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва МТМУ №36-и Ҷамоати  деҳоти Понғоз   вобаста ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа бо фаъолон вохурӣ доир гардид.

Ҷамъомад таҳти раёсати   Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардида, дар он муовини якуми раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Обидзода Нӯъмон, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд — Раҳматов Сайфуллохон, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Мамадҷонов Файзулло Собирович, намяндаи дар ноҳияи Аштбудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон, муовини  сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт- Шавкатзода Кишвар иштирок намуданд.

Раиси ноҳия дар оғоз баромад намуда, гуфт:

“Ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро зарур аст, ки аз дастовардҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва хизматҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат қадр намояд. Ҷаноби олӣ тамоми имкониятҳои заруриро барои мо фароҳам овардаанд ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнанхалқӣ боло бурдаанд, ва аз мо танҳо меҳнати содиқонаю софдилона.

Зеро ояндаи тинҷу ором ва неку дурахшон ба ҳамфикрӣ, муттаҳидӣ ва масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд вобаста мебошад ва дар иҷрои ин амали хайр ваҳдати ҳамагон зарур аст”.

Сипас, муовини якуми раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Обидзода Нӯъмон, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд — Раҳматов Сайфуллохон, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, профессор Мамадҷонов Файзулло Собирович, намояндаи  дар ноҳияи Аштбудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон доир ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа баромади пурмуҳтаво намуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.