АШТ: Пешгирии офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук.

 297 боздид
Рӯзи 14 – уми марти соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук бо ҳашарчиёну сокинони деҳаи Даҳана вохӯрӣ баргузор намуд.
Сокинони ноҳия барои эмин доштани роҳҳо, кӯпрукҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ки онҳо дар қади роҳҳо мебошанд, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро анҷом доданд.
Роҳбарияти ноҳия барои ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона ба сокинон ва фаъолони деҳа миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки мо бояд ҳар лаҳза бохабар бошем ва навбатдории шабонарӯзиро ташкил намоем, то ки сокинони маҳаллаву деҳаҳо аз омадани оби зиёди сел бохабар бошанд.
Сокинони деҳа изҳор карданд, ки онҳо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамеша омодаанд, баҳри ободонии Ватани азиз – Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.