АШТ: Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!

 372 боздид

Санаҳои 26 – 28 июни соли ҷорӣ, дар бозорҳои Аппон, Булоқ, марказҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам аз ҷониби сартабиби беморхонаи марказӣ ва роҳбарияти КАТС – и ноҳия баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус тариқи баландгӯяк корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки танҳо бо риояи чораҳои зиддиэпидемикӣ ва санитарӣ метавон пеши роҳи ин бемориро гирифт.
Инчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми пайдо гардидани аломатҳои ин беморӣ таби баланд, сулфаи хушк, беҳолӣ ва бемадорӣ фавран ба табибони оилавии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд. Дар хона каноранишинӣ, яъне карантин намоянд, то ки худ ва дигаронро эҳтиёт намоянд. Дар шароити хона ба худмуолиҷакунӣ машғул нагарданд, ки ин ба саломатии онҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Боиси зикр аст, ки бисёр шаҳрвандон интиқолдиҳандаи ин вирус ҳастанд, вале худро бардам ҳис мекунанд, маҳз ҳамин нуқтаро ба назар гирифта бояд, ки шаҳравандон аз ниқоб ва маҳлулҳои безараргардонӣ васеъ истифода баранд.
Дар чорабинии тарғиботӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар аҳолии ноҳия фаро гирифта шуда, ба онҳо маълумоти муфиди тиббӣ ва пешгирикунанда дода шуд.
Чунин чорабиниҳои тарғиботӣ дар дигар бозорҳо, марказҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам идома меёбад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.