Дар идомаи ташаббуси роҳсозии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сокинони деҳаи Пискокати Ҷамоати деҳоти Ашт роҳи дахили деҳаро мумфаршкунии намуданд.
Имрӯз роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба деҳаи дурдасти Пискокат ташриф оварда, бо сокинони деҳа мулоқоти самимӣ анҷом дода, саҳмгузоронро бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ намуд.
Ба Раиси ноҳия баён карда шуд, ки наздик 6 километр роҳи деҳаро асфалтпуш карда истодаанд.
Дар фарҷом Раиси ноҳия бобати пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии фарҳанг ва либоси бегона, риояи танзими анъана сухан гуфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия