АШТ: РАФТОРҶОН МУҲАММАДИЕВ, РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ (МУСОҲИБА)

 608 боздид

Ноҳияи Ашт инсонҳои шарифу маъруф, меҳанпараст, соҳибтаҷрибаву хирадмандро ба воя расонидааст. Фарзандони меҳанпараст дирӯз ва имрӯз барои ободии диёр саҳми назарраси худро дар миқёси ҷумҳурӣ  гузоштанд ва ин раванд идома хоҳад кард. Яке аз чунин фарзанди барӯманд Рафторҷон Муҳаммадиев ба ҳисоб меравад. Мавсуф донишу маҳорат, таҷрибаву хирад ва вуҷуди хешро фақат ба хизмати содиқона баҳри халқу меҳан бахшид. Ӯ беш аз 40 соли фаъолияти корӣ дар ҷабҳаҳои гуногун бо масъулияти баланд бар дӯш гирифта, покниҳодиву накӯкориву накӯрафториро дар мадди аввал мегузошт. Пас аз меҳнати босамар соли 2022 дар ҷамомади тантанавӣ Рафторҷон Муҳаммадиев  бо номи неку сари баланд ба нафақа гусел карда шуд. Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ширкат намуда, дар назди ҳозирин аз кору пайкори ин марди меҳнат ёдовар шуд.

Зимни табрикоти хеш Раиси ноҳия аз хизматҳои созгори Рафторҷон Муҳаммадиев дар самти кишоварзӣ ва соҳаҳои мухталиф ёдовар шуд. Дар маросими гусел гуфта шуд, ки мақомот минбаъд низ ба дониш, маҳорат ва таҷрибаи пирони кор такя менамояд ва хизматҳои шоёни онҳоро фаромӯш намесозад.

Баъдан Роҳбари ноҳия номаи шодбошӣ ва тӯҳфаи хотиравиро дар сатҳи баланд супорид.

Инак, мехоҳем аз пайраҳаи умри марди меҳнат Рафтор Муҳаммадиев ба самъи хонандагони худ маълумот пешниҳод намоем.

Ҳолнома

Муҳаммадиев Рафторҷон Ҷамолиддинович 9-уми сентябри соли 1958, дар шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.

Соли 1980 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси агроном-олим  хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ  соли 1981 лаборанти Институти зироаткории пажуҳишгоҳи академияи академияи фанҳои Тоҷикистон,

солҳои 1981-1982 – Ҷонишини раиси иттиҳодияи “Селхозхимия”-и ноҳияи Шаҳритус,

солҳои 1982-1985 – Аспиранти “Институти илмӣ-тадқиқотии ӯроки чорвои шаҳри Москва”

солҳои 1985-1987 – ходими хурди илмии Институти илмӣ- тадқиқотии чорводори шаҳри Душанбе,

солҳои 1987-1988- агрономи совхози “Съезди 25 КПСС”-и ноҳияи  Ашт,

Солҳои 1988-1992- сарагрономи колхози “Коммунизм”-и ноҳияи  Ашт,

Солҳои 1992-1993-сарагрономи умури кишоварии ноҳияи Ашт,

Солҳои 1993-1996- сардори умури кишоварзии ноҳияи Ашт,

Солҳои 1996-2000- Ҷонишини аввали Раиси ноҳия,

Солҳои 2000-2001-Раиси иттифоқи касабаи комплекси  агросаноатии ноҳияи Ашт,

солҳои 2001-2011- директори савхози  “Ҳайдаробод”-и ноҳияи Ашт,

Аз моҳи июли соли 2012 то инҷониб сардори Раёсати кишоварзии ноҳия шуда, кору фаъолият бурд.

Хостем, бо Рафторҷон Муҳаммадиев мусоҳибае ороста бошем ва инак фишурдаи он тақдими хонандагон мегардад.

—Аввалан бо номи нек ва сари баланд баромадани Шуморо ба синни нафақа таҳният мегӯем.

—Ташаккур!

—Муҳтарам, Муҳаммадиев Рафторҷон пеш аз ҳама бигӯед, ки маҳз чаро касби кишоварзиро пеша намудед?

—Одатан, ҳар як нафар ба ягон инсони муваффақ, мутахассиси хуб ва тавоно ҳавас мекунад. Ман ҳам ҳанӯз аз сини мактаби ба кишоварзони бузурги соҳа ҳавас мекардаму дар дил орзуи аграном шуданро мепарваридам. Барои амалӣ гаштани орзуҳоям бештар ба фанҳои дақиқ рӯ оварда, пайваста ба ҳаёти саҳро шавқ доштам. Ин буд, ки беш аз 40 сол ҳаёти ман дар саҳро дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ паси сар шуд.

—Шумо солҳои зиёд дар зинаҳои роҳбарӣ кор кардед, аз паёмади кори хеш қонеъ ҳастед?

— Агар ба риштаи таҳлил бикашед, ягон нафар ба худ хулосаи иҷоби дар бораи натиҷаи кори хеш дода наметавонад. Аз фаъолияти худ то андозае қонеъ ҳастам, чун замоне ман роҳбари самти кишоварзӣ будам, хеле ҳосилнокии заминҳо паст буд. Дар ҳамбастагӣ бо диловарони саҳро кор кардем ва беҳтарин натиҷаҳоро ба даст овардем. Ба гуфтаҳои боло тақвият бахшида метавонам, ки соли 2021 дар сатҳи ҷумҳурӣ ноҳияи Ашт беҳтарин ноҳияи кишоварзӣ эътироф гардид. Ман фикр мекунам, ки дар ин ҷода каме бошад ҳам ҳиссаи кӯчак дорам, чунки ҳосилнокӣ аз 18-20 сентнер то 48-50 бароварда шуд. Бунёди боғҳои нав, ки ҳоло ба 18 ҳазор гектар баробар мебошад ва ин раванд ҳар сол 300-400 гектар зиёд мегардад.

—Дар риштаи соҳаи кишоварзӣ шогирдон доред?

— Ман ҳамавақт кӯшиш намудам, ки ҳар чизеро медонам ба шогирдони худ омӯзонам. Бо сари баланд гуфта метавонам, ки  шогирдони зиёд дорам ва онҳо дар соҳаи кишоварзӣ аллакай мавқеъ доранду дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ кор мекунанд. Шогирдони пешқадами ман: Усмонов Бахтиёр, Авезов Шарофиддин, Шокирҷон Қурбонов  ва чандин нафар дар хизмати халқ кор карда истодаанд.

—Ба фикри Шумо роҳбар бояд чихел бошад?

—Пеш аз ҳама роҳбари хуб зердасти худро гӯш карда тавонад. Ҳама вақт аввал андеша, баъд гуфтор, ин қойдаи асосии роҳбар бояд бошад. Ман дар пайкори худ рафтори  нек, гуфтори нек ва пиндори некро сармашқи худ қарор додам. Роҳбари  хуб ҳамавақт атрофиёнро гӯш карда, қарори лозимаро такя ба қалбаш қабул мекунад. Ман аз соли 1986 дар мавқеи роҳбарӣ кор мекунам ва борҳо ба тасдиқи гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намудам.Ҳамеша роҳбар серталаб бояд бошад ва ман дар сини 55 солагӣ кор бо копютерро омӯхтам.

—Шумо дар солҳои вазнин кор кардед, дирӯз чи хел буду имрӯз?

—Баъди пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ пас аз солҳои 90-ум кор хеле мушкил шуда буд. Бесарусомониҳо дар ҳудуди кишвар хеле мардумро нигарон карда буду таҷҳизотҳои пойгоҳҳои обкашӣ  мушкил буд ва болои ин об баъд аз моҳи май дастрас мегардид. Ин ҳолат барои деҳқон ва аҳли кишоварзон хеле мусибати калон буд. Болои ин нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат дастрас набуданд, ки ин ҳама ба паст шудани ҳослинокии заминҳои кишт оварда мерасонд.

Давлату ҳукумат ҳамаи меҳнаткашонро қадр месозад, шумо низ қадрдонӣ гаштед?

—Албатта. Ман аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода хеле сипосгузорам, ки меҳнатҳои ками моро бузург дониста борҳо бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофоти давлати лоиқ донистанд. Барои ман боиси ифтихор аст, ки  Ҷаноби Олӣ орденро барои хизмати шоёни банда дар ҳузури нафарони зиёд  тақдим карданд.

— Дар мулоқоти Раиси ноҳия бо кишоварзон Шуморо бо эҳтироми хоса, ки ба синни ниҳоӣ, ба нафақа расидед, қадрдонӣ намуда, аз рӯйи оини тоҷикона ҷома пӯшониданд ва бигӯед, ки дар ҳамин ҳолат кадом ҳиссиёт Шуморо фаро гирифт?

— ҳар як шахс орзу мекунад, ки сиҳату саломат ба давлати пирӣ бирасад. Ин лаҳзаҳо барои ман хеле хотирмон ва фаромӯшнопазир буд, чун ба давлати пирӣ расидам ва шукрона аз даврону аз Пешвои муаззами миллат намуда, миннатдории худро ба намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, Раиси муҳтараму инсондӯстамон Шӯҳрат Муҳаммадзода мерасонам.

Ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво. Сарбаланд бошед!

Боқӣ дар паноҳи яздони карим бошед!

Мусоҳиб: Ҳаётҷони ОДИЛ, роҳбари хадамоти матбуотӣ

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.