Пас аз боридани борони шадид баъди нисфирӯзии санаи 11.05.22 ба деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба селоба омада ба як қисм заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонид ва роҳи марказии деҳаро қисман валангор намуд. Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои дахлдор ба деҳаи Ғудос ташриф оварда бо паёмади сел шинос шуд. Раиси ноҳия барои дар мудати кӯтоҳ бартараф кардани оқибатҳои сел ба масъулин супоришҳо дода, бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбати озод намуд.