АШТ: РАИСИ НОҲИЯ АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДИДАН НАМУД

 437 боздид

“Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрориро бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монанд.”
(Аз суханрони Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон,18.06.2022)
Дар ин вохурӣ роҳбари давлат ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ оид ба гузаронидани кишти такрорӣ аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо аз ҷониби шаҳру навоҳии қаламрави вилоят супориш доданд.
Соати 5:00-и субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул аз нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дидан намуданд. Боздиди корӣ аз майдонҳои кишти пахтаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз гардид. Раис ноҳия барои пешгирӣ аз ҳашаротҳои заррасон (кирмҳо) ва риояи қатии қойдаҳои агротехникӣ ба масъулини соҳа супориш дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди ҷамоат 120 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши пахта машғул буда, 315 гектар замини пахтаро дар бар мегирад.
Дар рафти шиносои ба корҳои саҳроӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода бо деҳқонон сӯҳбати озоду равшан анҷом дод. Ҳамзамон гуруҳи корӣ аз вазъи парвариши майдонҳои пахта, жамъоварии щалла ва кишти такрории ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Понщоз ва Шодоба низ боздид ба амал овард. Сарвари ноҳия зимни мулоқот баён намуд:
“Имрӯз барои мо Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муьтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд. Махсусан, дар самти кишоварзӣ хеле имкониятҳои фаровон барои деҳқонон ба миён оварда шудааст. Кишоварзони ноҳия ҷавобан ба меҳрубониҳои роҳбари давлат ҳосили фаровон ба даст оварда, барои фаровонии хони мардум ҳиссаи сазовор гузорад.”
Дар назар аст, пагоҳ соати 5-и субҳ бо роҳбарии Раиси ноҳия гурӯҳи корӣ аз майдонҳои кишти ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Пунук ва Ифтихор дидан намояд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.