27.09.2024
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор ба Ҷамоати деҳоти Понғоз, деҳаи Саро сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дидан намуд. Роҳбари ноҳия аз рафти ободзоии ҷавонони бонангу номуси деҳаи Саро дар, ки ҳоло бо маблағи беш аз 60 ҳазор сомонӣ дар МТМУ №20 ҷараён дорад боздид намуда, барои ҷавонони хайрхоҳ барои дастгириашон изҳори сипос намуд. Маврид ба зикр аст, ки ҷавонон фаъол дар деҳаи мазкур дар шабакаи иҷтимоии “Ватсап” гуруҳ таъсис дода дар ободсозии маҳал ҳиссагузор ҳастанд.
То ҳол ҷавонони ватандусти маҳал бо харҷӣ 170 ҳазор сомонӣ муассисаҳои рақами 20,60,66, саҳни беморхона ва дигар иншоотҳоро обод намуданд ва ин раванд идома дорад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаҳои дурдасти Мулломир мулоқот намуда, баён дошт, ки рӯзҳои наздик роҳ пурра азнавсозӣ мегардад ва барои меҳнатҳои созанда аз номи сокинони ноҳия изҳори сопос карда шуд.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик корҳои мумфаршкунӣ оғоз мегардад. Ҳоло бошад ободсозии роҳ дар марҳилаи таҳту ҳамворкунӣ идома дорад..
Сипас, Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинон табодули афкор намуда, ба саволҳо посухи мушаххас дода, мушкилотро ҳал намуд.
Хадамоти матбуоти Раис ноҳия