Имрӯз, 10/08/2022 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба 5 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд. Аёдати эҳтиёҷмандон аз Ҷамоати деҳоти Ашт оғоз гардид. Толибова Мавлуда, соли таваллудаш 02.09.1962, сокини деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ашт буда, ба гуруҳи 2-и маъюбӣ мансуб мебошад. 5 соли инҷониб нобурда беморӣ бистарӣ буда, барои роҳгаштан мушкилӣ мекашид. Бо назардошти вазъи беморӣ ва муроҷиаташ ба унвони Раиси ноҳия имрӯз аз номи Пешвои муззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба хонаи Толибова Мавлуда ташриф оварда аробачаи маъюбӣ ва кӯмаки яквақтаи маҳсулоти ниёзи аввал тақдим намуд.
Дар идома Раҳимов Сардор соли таваллудаш 23.09.2012, маъюб аз кудакӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Ориён мавриди аёдат қарор гирифтанд.
Зимни сафари корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҳоли Юлдошев Ҳасанбой, соли таваллудаш 12.11.2014, маъюб аз кудакӣ, истиқомоаткунандаи деҳаи Марҳамти Ҷамоати деҳоти Ошоба, ки ҳоло дар Беморхонаи ноҳиявии №5 табобат гирифта истодааст, хабар гирифт.
Сарвари ноҳия дар радифи тақдими аробачаи маъюбӣ ва кӯмаки яквақтина баён намуд: “Шукр, ки бо заҳматҳо ва талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ ватанамон ободу ором аст ва соьаи тиб ҳамқадами замони муосир мебошад. Барои табобати кӯдаки шумо тамоми имкониятҳои зарури фароҳам аст ва дар навбати худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ кӯмакӣ хуро мерасонад.”
Бунёдзода Абдуқодир, соли таваллудаш 30.11.2017 аз кудаки маъюб, дар маҳаллаи Пуштаи Ҷамоати деҳоти Понғоз зиндагӣ дорад. Чанде пеш наздиконаш ба унвони Раиси ноҳия вобаста ба таъмин намудани аробачаи маъюбӣ муроҷиат намуда буданд ва Шӯҳрат Муҳаммадзода барои хабаргирии ин оила ташриф оварда. тақдими аробачаи маъюбӣ ва к=маки якваыта намуд.
Бо маслиҳати баъзе аз дӯстон оилаи Амоновҳо оид ба дастрас намудан ба аробаи маъюбӣ ба Амонов Одилҷон, гуруҳи маъюбӣ 1, соли таваллудаш 13.09.1972, сокини деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намуданд ва он дар мудати кутоҳ ҳалли худро ёфт. Имрӯз ба ҳолпурсии Амонов Одилҷон Раиси ноҳия бо масъулони соҳа ташриф оварда аробачаи маъюбӣ ва кӯмаки яквақта тақдим намуданд.
Зимни тақдими ин туҳфаҳо наздикони шахсони номбурда сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукургузорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия