АШТ: Раиси ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Понғоз сафари корӣ намуд.

 180 боздид

 

17-уми октябр Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои дахлдор, фаълон дар деҳаи Бободархони  Ҷамоати деҳоти Понғоз ба бунёди бинои иловагии мактаби деҳа санги асос гузошт.

Бинои иловагӣ дар навбати аввал аз 8 синфхона, утоқи фаннӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, он дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ватандӯст тариқи ҳашар сохта мешавад.

 

Раиси ноҳия барои амалисозии иқдоми созанда ба соҳибкори маҳаллӣ, сокинони саховатпеша изҳори сипос намуда, саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.

 

Зимни ташриф Шӯҳрат Муҳаммадзода бо гузшотани санги асос бо номаҳо ба наслҳои оянда ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ифтитоҳи расмӣ бахшид.

Роҳбари ноҳия ба масъулин дастур дод, ки барои муҷаҳҳазсозии иншооти соҳа лавозимоти зарурӣ дастрас карда шавад.

Дар идомаи сафари кори аз беморхонаи деҳа, ки бо саҳмгурони шахсони саховатпеша ободу зебо гардидааст боздид ба  амал оварда шуд. Роҳбари  ноҳия ба масъулин барои заҳмат изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдомро шоистаи ситоиш номид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.