Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони дахлдор бонуи барӯманд, собиқадорони меҳнат Қодирова Зояро ба муносибати 80-солагияш аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳният намуд.
Бояд ишора намуд, ки Зоя Қодирова аз зумраи шифокорони пуртаҷриба буда, беш аз 50 сол дар зинаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ адои хизмат намудааст ва ҳоло давраӣ пирӣ меронад.
Маврид ба зикр аст, ки собиқадорон зери таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия