АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ ИДОРАИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ ВОХУРӢ АНҶОМ ДОД

 341 боздид

Имрӯз, 21 июни соли 2022 Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори идораи Беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҷалби роҳбарони сохторҳо, раисони ҷамоатҳо бо кормандони самти обёрӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳадаф аз дидорбинӣ шинос шудан ба фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашии ноҳия, пайваста таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо об, самаранок истифода бурдани техникаҳо ва раъфи камбудиҳо дар ин соҳа ҷойдошта мебошад.
Зимни баромади худ роҳбари ноҳия аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд:
«Маҳз туфайли сиёсати хирадманонаи Ҷанобӣ Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон дар арсаи байнанхалқӣ бо қадамҳои устовор рӯ ба рушд аст. Мебояд аз даврони ободу озод шукр намуда, фаъолиятро дар соҳаҳои хоҷагии халқ дучанд ба роҳ монем, то роҳбари давлат аз мо рози бошанд.
Дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳ ба самти обёрӣ хеле назаррас аст. Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ барои ба ҳолати омодабош қарор додани пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳия Ашт 500 ҳазор сомонӣ дастгирӣ намуданд, ки моро водор месозад корҳоро босифат ва бе таваққуф то охири мавсими кишт анҷом диҳем.
Дар чорабнӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода барои пешравии кор ба масъулини соҳа дастури амиқ дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.