АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ДАР ОЗМУНИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ВА ЯРМАРКАҲОИ ҶОЙИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ИШТИРОК НАМУД

 153 боздид

Санаи 24 августи соли 2022 дар толори бинои театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Ҳунарманли сол» баргузор гардид.
Ғолибони озмун бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Озмун аз рӯи шаш номинатсия баргузор гардид:
Аз рӯи намуди якум беҳтарин ҳунарманд бо ҳунари «Кандакорӣ» Ҳакимов Мелиқузи аз Ҷамоати деҳоти Ашт.
Аз рӯи намуди дуюм беҳтарин ҳунарманд бо ҳунари «Дузандагӣ» Негматова Гулноза аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон.
Аз руи намуди сеюм ва чорум беҳтарин ҳунарманд бо ҳунари «Наққошӣ-Кулолгарӣ» Юлдошев Боҳир аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон.
Аз руи намуди панҷум беҳтарин ҳунарманд бо ҳунари «Бофандагӣ»
Тошматова Хуморой аз Ҷамоати деҳоти Ошоба.
Аз руи намуди шашум беҳтарин ҳунарманд бо ҳунари «Оҳангарӣ»
Абдухалилов Бахтиёр аз Ҷамоати деҳоти Ашт. Ғолибони озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои
Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин чорабинии мазкур ҳамзамон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар он сардорон ва нозирони шуъбаи кадрҳои корхонаву ташкилотҳо дар умум 18 ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо 218 ҷойҳои кори холӣ бо фарогирии зиёда аз 168 нафар шаҳрвандони корҷуй баргузор гардид. Дар натиҷа 12 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуғл буда, дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гашта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Ба 21 нафар шаҳрвандон маслиҳатҳои машваратӣ оид ба шаҳодатномакунони барои малакаи касбӣ ва инчунин ба шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда, барои касбомузонӣ ҷалб намудани корҳои ҷамъиятии музднок маслиҳатҳо дода шуд. Инчунин ба 16 нафар ҷавондухтарони Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки хоҳиши касбомузӣ доранд барои омухтани касбӣ «Дузандагӣ» мусоидат намуда, тартиби ҳуҷҷатгузории онҳо роҳандози карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.