АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ДАР ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗӢ ИШТИРОК НАМУД.

 868 боздид

30.12.2023

Имрӯз, бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии “30 – солагии Истиқлол” ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, нонӣ ва гӯштӣ баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари ноҳия аз маҳсулоти анвои гуногуни кишоварзии пешниҳодгардида бо ҳамроҳи шахсони дахлдор дидан намуда, ба сифати маҳсулоти ниёзи аввал баҳои баланд дод.   Сипас Раиси ноҳия баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 таҳният намуд:

“Маврид ба зикр аст, ки туфайли меҳнати пайвастаи деҳқонон ва диловарони саҳро дастурхони мардум ба маҳсулоти хушсифати худӣ    таъмин мебошад.

Ҳамасола, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ярмакаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад ва кишоварзони ноҳия бо маҳсулоти хушсифатӣ худ дар сатҳи баланд иштирок мекунанд.

Дар баробари ин кишоварзони ноҳия дар ярмакаву намоиши маҳсулотҳои кишоварзии сатҳи вилояту ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд иштирок намуда, нуфузи ноҳияро бозҳам боло бардоштанд. Соли нави мелодии 2024-ро  ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи ҳамдиёрон таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат,  саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.”

Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси ноҳияи Шӯҳрат Муҳаммадзода кормандони КФД “хоҷагии манзилии комуналӣ”-ро ба муносибати Соли нав таҳният намуда, кӯмаки яквақтаи маҳсулоти ниёзи аввал тақдим намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.