26.07.2024
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолон машварати корӣ баргузор намуд.
Дар машварат масъалаҳои вусъати корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии либосҳои бегонапарстӣ ва ҳаҷҷи умра мавриди баррасӣ қарор гирифт:
Дар ҷамъомад муовинон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарияти соҳаҳои андоз, маориф, собиқадорон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, даъват ба амал овард, ки барои зиёд намудани корхонаҳо ва таъмин намудани сокинон ба ҷойи кори доимӣ, ҷалби сармоягузории хориҷиву дохилӣ, барои ободу зебогардонии ноҳия, бедор кардани ҳисси Ватандустӣ байни ҷавонон, пешгирии бегонапарастӣ ва ҳаҷи умра пайваста меҳнат намоянд.
Дар идома муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва Аниса Ҷалилӣ оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии либосҳои бегонапарстӣ ва ҳаҷҷи умра тмаълумот пешниҳод намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия